Баргузории ҳафтаи фанни "География" дар МДТ "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат"
Тибқи нақшаи моҳонаи МДТ "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат" бахшида ба ҳафтаи фанни география дар толори маҷлисгоҳ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯёни бахши 1-ум, гурӯҳи 18-и "Кори ҳамширагӣ"(шартномавӣ) чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти роҳбарии мудири шуъбаи таълим Бодамаев Пироншо Иброҳимович дар мавзӯи “Тоҷикистон давлати биҳиштосо” баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллӣ ҳусни оғоз гирифт.
Сипас, муовини директор оид ба қисми таълим н.и.т., Дустов Ҷамшед Холдорович бо сухани муқаддимавӣ баромад намуда, баён доштанд, ки маҳз, барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки барои рушди босуръати иқтисодиёти кишвар, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шароитҳои мусоид муҳайё гардида, имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизи мо бо қадамҳои боэътимод ба сӯи ояндаи дурахшони худ пеш рафта истодааст.
Сониян, мудири шуъбаи таълим ва ташкилкунандаи ин чорабинӣ Бодамаев П.И. оид ба заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ибрози андеша доштанд.
Чорабинӣ воқеан бофароғату хотирмон буд. Мавзӯи матраҳгардида дар иҷрои омӯзгорону донишҷӯён ба худшиносию тарбияи ҷавонон алоқамандӣ дошт. Барои фаъолон ва ва бастакорон аҳсан мехонем.
Бо роҳбаладӣ ва раҳнамоии мудири шуъбаи таълим Бодамаев П. омӯзгорон тасмим доранд, ки минбаъд ҷиҳати солимнигаҳдории рӯҳияи ҷавонони муассиса чунин чорабиниҳои илмиро зуд-зуд ба роҳ монанд, то ҷавонон аз шомилшавии ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар амон бошанд.