Маъмурияти МДТ-и "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат" бошандагони хонаи ниёзмандон ва маъюбонро аёдат намуд.
Маъмурияти МДТ-и "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат" бошандагони хонаи ниёзмандон ва маъюбонро аёдат намуд.
Роҳбари муассиса н.и.т. Чилазода Бобохон Чила дар суханронии ҳамешагии худ иброз медоранд, ки дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону ниёзмандон, супоридани туҳфаҳои гуногун дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо аз иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. МДТ-и "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат" сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро вобаста ба дастгирии иҷтимоии ниёзмандону маъюбон хуш истиқбол гирифта, пайваста дар арафаи иду ҷашнвораҳо боназардошти шароити мавҷуда ба мӯҳтоҷон кумак менамояд.
Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи иди саиди Рамазон он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда натанҳо макони зисту ашёи рўзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғўши пурмеҳр истиқбол мегиранд.
Боз як суннати беҳтарини ин айём бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати маъюбон, бепарасторон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон аст. Маҳз ин паҳлуҳоро ба инобат гирифта, тибқи дастуру супоришҳои роҳбари муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат" муҳтарам Чилазода Бобохон Чила дар арафаи иди саиди фитр раиси созмони ҷавонон Раҷабзода Ҳ.Х. ба манзил ва муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ ба маъюбон дар шаҳри Ваҳдат ташриф бурда, дар тантанаҳои идонаи онҳо иштирок намуд ва туҳфаҳои пулии аз ҷониби директори муассиса муайянгардидаро ба ҳар кадоми онҳо супорид.
Бошандагони Марказ барои чунин таваҷҷуҳ ва амали хайрхоҳона ба роҳбари муассиса Чилазода Бобохон Чила барои ин иқдоми хайрхоҳона арзи миннатдорӣ намуданд.
- MedVahdat
- 151