Қадрдонии ғолибони озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар соли сипаригашта аз ҷониби роҳбари муассиса.
Қадрдонии ғолибони озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар соли сипаригашта
Рӯзи 27-уми ноябри соли 2021 дар толори барҳаво, маросими ҷамъбасти даври сеюми озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро роҳбари муассиса н.и.т. Чилазода Бобохон Чила бо шодмонию ифтихормандӣ пазируфта, ба онҳо ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ тақдим намуданд.
Роҳбари муассиса н.и.т. Чилазода Бобохон Чила ғолибонро таҳният гуфта, аз ғамхориву таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдоварӣ намуданд. Аз он ҷумла, ёдрас намуданд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати истиқлолият паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ин насли ҷомеа аз ҷониби муҳтарам Ҷаноби Олӣ мадди назар қарор мегирад. Ҳамзамон, зикр намуданд, ки ҷавонон дар инкишофи ҷомеа нақши бориз доранд ва пурарзиштарин иқдоми ҷавонони имрӯза саъю кӯшиши ҷиддӣ дар боби такомули ақлонӣ ва илмӣ бояд бошад, чун онҳо танҳо дар ин сурат метавонанд бо ташаббускории худ барои пешрафти кишвар ва дар ин замина баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон талош намоянду сазовори дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат гарданд.
Дар ин озмун 6 нафар донишҷӯён иштирок намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, дар номинатсияи «Аз бар кардани ашъори бачагона»: Назарова Зебинисо ҷойи якум, Неъматова Тамано ҷойи дуюмро ба даст оварданд.
Дар номинатсияи « Хондан ва аз бар кардани адабиёти классикии тоҷик»: Изатова Соҳиба ҷойи 1-ум, Нуралиева Муяссара ҷойи 2-юмро ишғол намуданд.
Дар номинатсияи «Аз бар кардани адабиёти муосири тоҷик»: Сатторов Муҳамадрасул ҷойи 1-умро соҳиб гашт.
Дар номинатсияи «Хондану аз бар кардани адабиёти ҷаҳон»: Муҳаммадҷонзода Саидмухтор ҷойи якумро ба даст овард.
Дар охир, ба Розиқов Ф. омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик барои иштироки фаъолонаи донишҷӯёнаш бо Сипосномаи роҳбари муассиса ва мукофотҳои хотирмон қадрдонӣ гардид.
- MedVahdat
- 252