Ёдовар мешавем, ки баргузории озмуни Ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» соли 2021, ки аҳли ҷомеа, алалхусус насли ҷавонон бо муҳаббату дилгармии зиёд ба мутолиаи китоб рў оварда, барои ба даст овардани ғолибият кўшиш намуданд. Аз ҷамъбасти даври ниҳоии озмун он чи боиси хушӣ ва қаноатмандӣ буд, ки донишҷӯёни мо таҳти роҳбарии омӯзгори ҷавони муассиса Розиқов Фирӯз сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик Изатова Соҳиба сазовори ҷойи аввал, Назарова Зебинисо аз номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Изатова Соҳиба - аз номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик сазовори ҷои аввал.
Назарова Зебинисо - аз номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик. Сазовори ҷои 3- юм.