Баргузории конференсияи адабӣ - бадеӣ. Бо гиромидошти паёмбари сухан, абармарди дунёи ғазал, Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ. 21/04/2022 20:27 Санаи 20.04.2022 дар Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат" чун рӯзи гиромидошти шайх Саъдӣ чорабинии хотирмон ва ҳикматбахш баргузор гардид. Дар толори барҳавои муассиса рӯзномаҳои девории омоданамудаи донишҷӯён, намунаи иншо ва маърӯза, намунаи тасвирҳо бахшида ба ин рӯз ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Бахусус, қироати ғазалҳо аз ашъори устод Саъдии Шерозӣ дар иҷрои донишҷӯёни курсҳои поёнӣ писанди иштирокчиён гашт. Сардори шуъбаи таълим Бодамаев Пироншо, ки мутасаддӣ ва ташкилкунандаи ин чорабинӣ буд, конфронси адабиро ҷамъбаст намуда, бори дигар аз мақому манзалати устод шайх Саъдӣ дар адабиёти тоҷик ва ҷаҳон ёдовар шуд. Тавре сардори шуъбаи таълим Бодамаев Пироншо зикр намуд, дар ояндаи наздик баргузории дигар чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ низ дар назар дошта шудааст, ки ба боло рафтани маърифати донишҷӯёни муассиса мусоидат хоҳад кард. Конфронсҳо 80 1 2 3 4 5 MedVahdat 0 392