Бобоёров Амрихудо Раҳматуллоевич соли 1995 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Соли 2011 ба МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Ваҳдат” дохил шуда, баъди хатми муассиса барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба факултаи биология ҳуҷҷат супорида, онро соли 2020 хатм намуд. Инчунин соли 2021 Донишгоҳи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурӯстиро бо ихтисоси “Духтур-таҳлилгар” хатм намуд. Аз соли 2020 то инҷониб дар муассиса ба ҳайси омӯзгори фанни Усулҳои тадқиқоти корҳои лабораторӣ кору фаъолият намуда истодааст.