Сараввал, директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» муҳтарам Чилазода Б.Ч. оид ба рӯзномаи конференсия ахборот дода, сипас, муовини прокурори шаҳри Ваҳдат мушовири адлияи дараҷаи дуюм Назарова Наргис Файзовна оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда.
Инчунин, дар конференсияи болозикр оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимова Шоира Абдуғафоровна мудири бахши шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Шералиев Парвиз Миралиевич сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат, Бурунова Х.Б., мушовири директори муассиса, Мунаваров Бахтиёр - мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»-и муассиса, Ахмедов А., ҳуқуқшиноси муассисаи мазкур баромад намуданд.