Баргузории даври аввали озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар МДТ "Коллеҷи тиббии ш. Ваҳдат"
Ин ҷамъбаст ва ин дастовард бар аҳли зиёи муассиса боиси сарфарозист.
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи МДТ-и "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат" бо мақсади дар амал татбиқ намудани Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" барои муайян кардани маҳорату истеъдоди баланди азхудкунии порчаҳои манзум ва мутолиаи китоб, дарёфту муаррифии истеъдодҳои нав дар байни донишҷӯён даври аввали озмун баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳ бахшидани озмун директори МДТ-и "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат" н.и.т. Чилазода Бобохон Чила суханронӣ намуда, оиди аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмун ибрози назар намуданд.
Қайд гардид, ки Роҳандозию баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» воқеан, аз шоёнтарин корҳо, аз беҳтарин барномаҳо, аз муҳимтарин тадбирҳо ва волотарин иқдомҳои фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баргузории озмун лаёқату маҳорати эҷодкорию маърифатофариро тақвият бахшид, дӯстдорони каломи бадеъро бо ин шеваи ҳавасмандӣ дарёфт, истеъдодҳоро аз байни наврасону ҷавонон кашф ва ба ин васила ба арзишҳои миллию фарҳангӣ эҳтиром гузошта, ҳуввияту худшиносии миллиро боз ҳам баланд бардошт. Дар озмун ширкат варзидани донишҷӯён боиси болоравии маънавиёт, ҷаҳони иттилоотию фарҳангӣ, тақвияти ҳофиза ва ниҳоят сайқал ёфтани маҳорати нутқрониашон мегардад. Баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни мазкур директори Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат" Чилазода Бобохон Чила тамоми шароитҳои заруриро муҳайё намуда, ҳайати комиссияи созмондодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро таклиф намуданд. Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша озмун аз рӯйи чаҳор номинатсия(хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халки тоҷик, хондан ва аз бар намудани осори назму насри муосир, хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз худ намудани осори адибони ҷаҳон)амал мекард.
Дар озмун 20 нафар донишҷӯён иштирок намуда, мувофиқи нишондоди варақаҳои баҳогузории ҳайати ҳакамон аз ин шумора ба даври шаҳрӣ 15 нафар роҳхат гирифтанд.
Натиҷаи даври аввали озмун ба расмият дароварда шуда, бо имзои раису аъзоёни он тасдиқ ва нусхаю варақаи баҳогузорӣ, нусхаи сабти видеоӣ, расмҳо дар парвандаи ғолиби озмун нигоҳдорӣ ва барои даври минбаъдаи озмун пешниҳод мешаванд.