Сараввал, директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» муҳтарам Чилазода Б.Ч. оид ба рӯзномаи конференсия ахборот дода, сипас, намояндаи агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Д.С. дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.
Инчунин, дар конференсия болозикр оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030" Юсуфӣ Саломиддин Ҷаббор сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дустов Ҷ.Х. муовини директор оид ба корҳои таълими МДТ "Коллеҷи тиббии ш. Ваҳдат", Бобозода С.А. муовини директор оид ба корҳои тарбиявии МДТ "Коллеҷи тиббии ш. Ваҳдат", Бодамаев П.И. мудири шуъбаи таълими МДТ "Коллеҷи тиббии ш. Ваҳдат" ва Бурунова Х.Б. мушовири директори МДТ "Коллеҷи тиббии ш. Ваҳдат" баромад намуданд.