Ҳайдарова Мавзуна Анваровна - соли 1990 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2011 МДТ “Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ” бо дипломи аъло ва соли 2017 донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон факултети “Химия-биология” ро хатм намудааст. Соли 2021 Донишгоҳи баъдидипломӣ ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намудааст. Соли 2018 ба ҳайси Мудири кафедраи “Корҳои фарматсевтӣ, дандонсозӣ ва ташхисӣ” дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тибби ш. Ваҳдат” ба кор шурӯъ намудааст. Аълочии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.