Дустов Ҷамшед Холдорович- соли 1968 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Соли 1995 донишгоҳи тиббии педипатрии ш. Тошкантро хатм намудааст. Соли 2018 ба ҳайси Мудири кафедраи “Кори ҳамширагӣ” дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” ба кор қабул гардидааст. Аз соли 2018 то инҷониб ба ҳайси Муовини директор оид ба таълим дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” кору фаъолият намуда истодааст. Номзади илмҳои тиб буда, дорандаи мукофотҳои давлатӣ ва муаллифи чандин китобҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ мебошад.