Оймаҳмадов Ҳабибулло Давлатбекович
Оймаҳмадов Ҳабибулло Давлатбекович - ст. 01.03.1984 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Соли 2008 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси кори табобатӣ хатм намудааст.
Соли 2009 интернатураро хатм намудааст. Аз соли 2010-2013 шунавандаи аввалияи кафедраи “Ҷарроҳӣ” Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тиб Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2018 ба ҳайси муовини декани факултети “Кори ҳамширагӣ” дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Ваҳдат” ба кор қабул гардида, сипас соли 2019 Муовини директор оид ба таҷрибаи амалӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Ваҳдат” ва аз соли 2020 то инҷониб декани факултети “Кори ҳамширагӣ” мебошад. Муаллифи ҷандин китобу мақолаҳои илмӣ мебошад. Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.