
Ҳакимзода Беҳрӯзҷони Фарухи - соли 1995 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Номбурда соли 2017 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси “Математик-информатик” хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2017 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Ваҳдат” ба ҳайси омӯзгори фанни алгебра ва геометрия шурӯъ намуда, аз соли 2021 то инҷониб вазифаи муовини декани факултети “Кори ҳамширагиро” ба ӯҳда дорад.