Рӯзи Дави миллӣ
Варзиш ин солимии ҷомеъа аст. Давидан бошад, яке аз намудҳои асосии варзиш буда, шахсро чусту чолок, ҷасуру моҳир, тавонову бақувват мегардонад ва барои саломатӣ, дуруст инкишоф ёфтани он аҳамияти бузург дорад. Дар ҷумхури Рӯзи Дави миллӣ моҳи май эълон шудааст, ки ҳамасола дар тамоми гӯшаю канори кишвар ин чорабинӣ дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.
Рӯзи 15-майи соли равон дар шаҳри Ваҳдат Рӯзи Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он дар қатори дигар сохторҳои давлатӣ, кормандони МДТ "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат" низ ҳамчун қисми пешкадаму фаъоли ҷавонон иштирок намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин рӯз муовини декани факултети "Кори ҳамширагӣ" Ҳакимзода Беҳрӯзҷони Фарухи сазовори ҷои аввал гардид.