Кафедраи "Химия ва биология"
Саидов МањмадалӣНазарович 16.03.1959 дар ш. Ваҳдат љамоати деҳоти Гулистон деҳаи Корвон таввалуд шудааст. Соли 1965 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Саъдӣ ҷамоати деҳоти Гулистон деҳаи Корвон рафта онро соли 1976 бо муваффақият хатм намудааст. Соли 1983 факултаи химияи Донишгоҳи милли Тоҷикистонро бо ихтисоси химик хатм намудааст.
Солҳои 1976-1977 омӯзгори мактаби ибтидоии «Сотсиализм» дар ноҳияи Орҷоникидзеобод, солҳои 1977-1998 ба ҳаиси шунавандаи шӯъбаи тайёрии факултаи химияи Донишгоҳи милли Торҷикистон, солҳои 1978-1983 донишҷўи факултаи химияи Донишгоҳи милли Торҷикистон, солҳои 1983-1984 омӯзгори фанни химия ва биологияи мактаби миёнаи №7 ба номи Чайковский ш. Орҷоникидзеобод, солҳои 1984-1988 инструктори шӯъбаи ташкилии Комитети Комсомоли ш. Орҷоникидзеобод, солҳои 1988-1992 котиби севуми Комитети Комсомоли ш. Орҷоникидзеобод, солҳои 1992-2000 раиси озоди иттифоқи касабаи донишҷўёни омӯзишгоҳи тиббии ш. Кофарниҳон, солҳои 2000-2003 Муовини директори Омӯзишгоҳи тиббӣ оиди ба қисми тарбия кору фаъолият намудааст. Аз соли 2003-2018 дар МДТ "Коллеҷи тибии шаҳри Ваҳдат" ба ҳайси Муовини директор оиди қисми таълим кору фаъолият намудааст. Айниҳол ба донишҷӯён аз фанни химия дарс мегӯзарад.