Кафедраи фанҳои "Табиӣ-риёзӣ"
Гулов Ҳидоят Сурхович соли 1964 дар деҳаи Туячӣ (ҳозира Корвон)- и ноҳияи Ордҷоникидзеобод (ҳозира шаҳри Ваҳдат ) дар оилаи коргар тааллуд шудааст. Соли 1982 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 4 –и ноҳияи Файзободро хатм намуда, худи ҳамин сол ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи физикаи Уневерситети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И Ленин (ҳозира ДМТ) супорида, баъди бомувафаққият супоридани имтиҳонҳои қабул сазовори номи баланди донишҷӯй гашт.
Соли 1984 аз тарафи Комиссариати Ҳарбии ноҳияи Роҳи Оҳан (ҳозира н Шомансур)-и шаҳри Душанбе ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда то соли 1986 дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хизмат намудам Дар қисми низомӣ муовини қумондони взвод шуда хизмат намудам. Соли1989 баъди хатми донишгоҳ бо роҳхат ба шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод ба кор рафтам Фаъолияти омӯзгориамро дар мактаби миёнаи № 43 ба ҳайси омўзгори фанни физика ва технологияи информатсионӣ шурӯъ карда, солҳои 2004-2007 ба ҳайси мудири қисми илмӣ фаъолият намудааст .
Аз соли 2007 дар омӯзишгоҳ, аввал ба сифати назоратчии сифати таълим ва баъд аз соли 2008 то соли 2016 ба ҳайси мудири шуъбаи «Кори ҳамширагӣ» фаъолият намуда, аз 01.02.2016 дар коллеҷ тибқи фармоиши ба ҳайси мудири «Кафедраи фанҳои гуманитарӣ» фаъолият намуда, аз 05.09.2016 то инҷониб ба ҳайси мудири «Кафедраи «Фанҳои табиӣ-риёзӣ» фаъолият менамояд.
Бо нишони Аълочии маориф ва илм ва ифтихорномаи раиси шаҳр қадрдонӣ карда шудааст.