Кафедраи "Химия ва биология"
Сайдализода Саидвали Файзалӣ 10.11.1989 дар ҷамоати деҳоти Симиганҷи Шаҳри Ваҳдат дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи №19 деҳаи Тангаиро соли 2007 хатм намудааст. Соли 2007 ба ҳайси донишҷӯ ба факултети биологияи Донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 2012 хатм кардааст. Фаъолияти кориро ба ҳайси лаборант соли 2012 дар кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биологияи ДМТ оғоз намудааст. Соли 2013 ба вазифаи ассистенти кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биологияи ДМТ гузаронида шуд. Тӯли солҳои 2017-2020 дар баробари ассистенти кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биологияи ДМТ будан, ба ҳайси ҷонишини декан оид ба тарбия (2017-2018), ҷонишини декан оид ба таълим (2018-2019), мушовири академи (эдвайзер)-и дараҷаи 2 факултети биология (2019) фаъолият намудааст. Аз соли 2020 то ба ҳњол ба сифати муаллими калони кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биология ва њҳамзамон мушовири академи (эдвайзер)-и дараҷаи 1 факултети тиббии ДМТ фаъолият намуда истодааст. Дар тӯли фаъолияти корӣ аъзои Шӯрои олимони факултети биология ва тиббӣ, аъзои Шӯрои илмӣ-методии факултетҳои мазкур ва Раиси Шӯрои олимони ҷавони факултети биологияро ба душ дошт.
Соли 2019 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Танзими экзогении равандҳои физиологӣ ва фаъолнокии системаҳои антиоксидантии растании Solanum Tuberosum L. дар шароитҳои стрессӣ» ҳимоя намуда, ба дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ мушараф гардидааст.
Муаллифи 43 мақола ва фишурда; 1 – монография; 2 - дастури таълимӣ барои ихтисосҳои биология, экология, биотехнология ва дорои 1–ихтироот мебошад.
Аз соли 2021 то инҷониб дар МДТ "Коллеҷи тибби ш. Ваҳдат" ба донишҷӯён аз фанни биология бо асосҳои генетика дарс мегузарад.