Қадрдонии ғолибон ва иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар марҳилаи анҷом.
Қадрдонии ғолибон ва иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар марҳилаи анҷом.
Моҳи декабри соли равон дар остонаи муассиса роҳбари маърифатдӯсти муассиса муҳтарам Чилазода Бобохон Чила бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён ғолибон ва иштирокчиёни даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро бо шодмонию ифтихормандӣ пазируфта, ба онҳо ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ тақдим намуданд.
Зимни ифтитоҳ бахшидани суханронии хеш атрофи озмун директори муассиса Чилазода Б.Ч оиди аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмун ибрози назар намуданд.
Қайд гардид, ки Роҳандозию баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» воқеан, аз шоёнтарин корҳо, аз беҳтарин барномаҳо, аз муҳимтарин тадбирҳо ва волотарин иқдомҳои фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баргузории озмун лаёқату маҳорати эҷодкорию маърифатофариро тақвият бахшид, дӯстдорони каломи бадеъро бо ин шеваи ҳавасмандӣ дарёфт, истеъдодҳоро аз байни наврасону ҷавонон кашф ва ба ин васила ба арзишҳои миллию фарҳангӣ эҳтиром гузошта, ҳуввияту худшиносии миллиро боз ҳам баланд бардошт. Дар озмун ширкат варзидани донишҷӯён боиси болоравии маънавиёт, ҷаҳони иттилоотию фарҳангӣ, тақвияти ҳофиза ва ниҳоят сайқал ёфтани маҳорати нутқрониашон мегардад. Директори муассиса ғолибонро таҳният гуфта, аз ғамхориву таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдоварӣ намуданд. Аз он ҷумла ёдрас намуданд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ин насли ҷомеа дар мадди назари махсус қарор гирифт. Ҳамзамон, зикр намуданд, ки ҷавонон дар инкишофи ҷомеа нақши бориз доранд ва пурарзиштарин иқдоми ҷавонони имрӯза саъю кӯшиши ҷиддӣ дар боби такомули ақлонӣ ва илмӣ бояд бошад, чун онҳо танҳо дар ин сурат метавонанд бо ташаббускории худ барои пешрафти кишвар ва дар ин замина баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон талош намоянду сазовори дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат гарданд.
Шумораи умумии иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 19 нафарро ташкил мекард, ки бо ин нишондод шаҳри Ваҳдат тавонист дар миёни 6 шаҳру ноҳияҳо(Шаҳри Ҳисор, шаҳри Турсунзода, шаҳри Роғун, шаҳри Шаҳринав, ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияи Варзоб, ноҳияи Файзобод) бо ишғоли ҷойҳои намоён ҷои аввалро сазовор бошад.
Аз ин шумора 11 нафарашон донишҷӯён, 7 нафарашон хонанда ва 1 нафар намояндаи касбу кори гуногунро ташкил мекард.
Ҷамбасти озмун нишон дод, ки саҳми директори муассиса Чилазода Бобохон Чила, сардори сифати таҳсилот Бодамаев Пироншоҳ, раиси озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар дохили муассиса Розиқов Фирӯз ва дигар омӯзгорон Раҷабзода Ҳ.Х. Бобозода С.А., Пиров С. Барои омода намудани донишҷӯён бағоят ҷиддӣ буд. Нишондоди ишғоли ҷойҳои намоён аз натиҷаи даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”:
Аз номинатсияи хондан ва аз бар кардани адабиёти муосири тоҷик донишҷӯи коллеҷи тиббӣ Сатторов Муҳаммадрасул сазовори ҷои дуюм;
Дар номинатсияи « Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик донишҷӯи коллеҷи тиббӣ Азиззода Мирзобег сазовори ҷои сеюм;
Дар номинатсияи хондан ва аз бар кардани ашъори бачагона аз гӯруҳи донишҷӯён Зарифова рамзия сазовори ҷои сеюм;
Илова бар ин, 4 нафар соҳиби ҷоиҳои ифтихорӣ гардиданд. Теъдоди иштирокчиёне, ки соҳибони ҷойҳои ифтихорию намоён гардиданд 7 нафарро ташкил мекунад.
- Siyovush
- 317