Ризвонова Ҷамила Ниҳмоновна соли 1963 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, таваллуд шудааст. Соли 1986 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси педиатр хатм намудааст. Аз соли 1986 то соли 2003 дар Маркази саломатии шаҳри Ваҳдат ба ҳайси табиби минтақавӣ фаъолият менамояд. Аз соли 2003 то соли 2020 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” ба ҳайси мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2020 то ҳол ба ҳайси омӯзгори фанни “Ёрии поллиативӣ” кору фаъолият менамояд.