Сафарова Саидгул Абдуллоевна 12-уми январи соли 1963 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 1989 Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат, факултаи “Кори ҳамширагӣ” ва соли 2015 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, факултаи “Химия-биология”- ро хатм кардааст. Аз соли 1990 то соли 2000 дар Маркази саломатии ш. Ваҳдат ба ҳайси ҳамшираи тиб ва аз соли 2003 то ҳол ба ҳайси омӯзгори фани асосҳои кори ҳамширагӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” фаоъолият менамояд. Инчунин аз соли 2016 то соли 2019 ба ҳайси мудири кафедраи "Кори ҳамширагӣ" кору фаъолият намудааст.