Холиқов Мӯҳсинҷон Қодирович 05-уми феврали соли 1991 дар ноҳияи Рӯдакӣ таввалуд шудааст. Соли 2010 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 2016 хатм намудааст. Соли 2017 баъд аз хатми интернатури клиникӣ тибқи роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” ба ҳайси омӯзгор фаоълияти кориашро оғоз намудааст. Аз моҳи марти соли 2022 то ҳол ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи “Кори ҳамширагӣ” дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” фаоъолият мекунад.
Шарҳҳо 2