Баргузории конференсияи илмӣ - назариявӣ.
Санаи 19.05.2022 дар Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат" дар толори маҷлисгоҳ "Бахшида ба 20- соли омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқи ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" бо иштироки роҳбари муассиса, номзади илмҳои тиб Чилазода Б.Ч., доктори илмҳои биологӣ, профессор Устоев М.Б., доктори илмҳои биологӣ, профессор Партоев Қ., номзади илмҳои биологӣ Ғаюбов Р.Б., номзади илмҳои биологӣ Сайдализода С. ва омӯзгорону донишҷӯён дар мавзӯи "Пешгирии никоҳи хешу таборӣ - омили сиҳатии миллат" баргузор гардид. Конференсияи мазкур аз тарафи мудири кафедраи "Химия ва биология" Ҷумаева М.И., муаррифӣ гардида, бо суханони ифтитоҳии роҳбари муассиса ҳусни оғоз бахшида шуд. Сипас, доир ба мавзӯи номбурда маърӯзаҳо аз ҷониби меҳмонон ва иштирокчиён андешаҳо ва ибрози назари дар зиндагонӣ пурқиматарин арзишро доро будани оилаи солим шунида шуд.
- MedVahdat
- 171