Ҷумаева Мижгона Исломиддиновна зодаи вилояти Суғди шаҳри Панҷакент буда, соли 21.05.1976 таввалуд шудааст. Соли 1993 муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Ваҳдатро хатм намуда, худи ҳамин сол ҳуҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба факултаи “Химия” супорида онро соли 1998 бо муваффақият хатм кардааст. Аз соли 1998 то 2010 сол ба ҳайси омӯзгори фанни химия дар МТМУ № 1 кору фаъолият намудааст. Аз соли 2010 то соли 2019 ҳамчун омӯзгори фанни химия ва аз соли 2020 то инҷониб ба ҳайси мудири кафедраи фанҳои “Химия ва биология” дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» фаъолият дорад. Ҳамзамон аспиранти ғоибонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи В.И.Никитин буда, дар мавзӯи “Синтез и конфармационная особенность непредельных и гетероциклических соединений” кори илмӣ бурда истодааст.