Оймаҳмадов Ҳабибулло Давлатбекович - ст. 01.03.1984 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Соли 2008 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси кори табобатӣ хатм намудааст. Соли 2009 интернатураро хатм намудааст. Аз соли 2010-2013 шунавандаи аввалияи кафедраи “Ҷарроҳӣ” Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тиб Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2018 то инҷониб ба ҳайси ассистенти кафедраи “Фанҳои морфологӣ” дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” кору фаъолият менамояд. Муаллифи ҷандин китобу мақолаҳои илмӣ мебошад. Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.