Таърихи МДТ "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат"
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат» бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.08.1966, №770 бо мақсади таёр намудани мутахассисони соҳаи тиб ташкил карда шудааст.
Фаъолияти муассиса дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», аз 22.07.2013, №1004, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фарматсевтӣ» аз 31.10.2008, №512 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3.03.2006, №94, Низомномаи намунавии ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз 01.10.2018, №18/35 ва Оинномаи муассиса, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.05.2019, №381тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шудааст.
Муассисаи таълимӣ дорои 1 бинои таълимӣ, 4 озмоишгоҳ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанҳои кори ҳамширагӣ, анатомия, химия, микробиология ва физика, 82 кабинети таълимӣ, 5 кабинети компютерӣ, як китобхона бо қироатхона ва зиёда аз 50 ҷои нишаст, як Маркази тестии замонавӣ бо зиёда аз 100 ҷои нишаст ва як майдончаи варзишӣ мебошад.
Инчунин, дар муассисаи таълимӣ 8 кафедра «Асосҳои кори ҳамширагӣ», «Морфологӣ», «Забонҳо», «Гуманитарӣ», «Корҳои фарматсевтӣ, дандонсозӣ ва ташхисӣ» «Фанҳои клиникӣ», «Химия ва биология» ва «Табиию риёзӣ» амал менамоянд.
Теъдоди омӯзгорон дар муассиса ба 194 нафар мерасад, ки аз ин шумора 83 нафар омӯзгорони асосӣ ва 111 нафар омӯзгори ҳамкор кор ва фаъолият карда истодаанд. Айни ҳол дар муассиса 1 нафар доктори илмҳои биологӣ (профессор), 10 нафар номзади илми тиб, 33 нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 22 нафар дорои тахассуси дараҷаи якум, 8 нафар дорои дараҷаи тахасуси дуюм ва 108 нафар бедараҷаи тахассусӣ мебошанд.Бояд қайд кард, ки теъдоди омӯзгорони ҷавон ба 36 нафар мерасад.
Роҳбарони Муассиса
Рӯзибаева Очаой Соҳибовна - собиқ директори омӯзишгоҳ аз 04.08.1966 то 07.06.1967сол. Аълочии соҳаи тандурӯстӣ.
Мусоева Муккарама Мусоевна - собиқ директори омӯзишгоҳ аз 06.06.1967с. то 29.12.2002сол. Аълочии соҳаи тандурӯстӣ.
Файзуллоева Рузигул Зоғовна - собиқ директори омӯзишгоҳ аз 24.02.2003с. то 16.03.2010сол. Аълочии соҳаи тандурӯстӣ.
Муродов Маҳмад Ҷонбобоевич - собиқ директори коллеҷи тиббӣ аз 02.04.2010с. то 20.10.2017сол. Аълочии соҳаи тандурӯстӣ.
Чилазода Бобохон Чила.
Директори Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” аз 20.10.2017сол то ин ҷониб. Аълочии Вазорати тандурӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номзади илмҳои тиб.